КОНФЕРЕНСИЯИ БАРРАСИИ СМРМ БАРОИ ТО СОЛИ 2030 БАРГУЗОР ШУД
3-юми феврали соли 2021 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия оид ба баррасии Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои то соли 2030 баргузор гардид.
3-юми феврали соли 2021 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия оид ба баррасии Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои то соли 2030 баргузор гардид.
Бо ҳадафи омодагӣ ба паҳншавии эҳтимолии бемории коронавирусии COVID-19 ва дар чорчӯбаи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналамилалӣ дар соҳаи маориф Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат I (БДТБ-I) саҳми худро мегузорад. Барномаи мазкур ба мактабҳои шаҳру навоҳии кишвар маводи антисептики ва варақаҳои иттилоотиро барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 тақсим кард.
Воситаҳои ҳимоя, ки пешкаши онҳо ба туфайли дастгирӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон имконпазир гардид, аз 7450 тон антисептика иборат буда, он ба зиёда аз 325 муассиса (мактаб ва мактабинтернатҳо) дар кишвар дастрас гардид. Чунин ташаббусҳои хайрхоҳонаи Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат I минбаъд низ идома ёфта, барои дастгирии хонандагони мактаб ва омӯзгорон дар умум соҳаи маориф равона хоҳад гардид.
Бо мақсади иҷрои Статегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҷиҳати татбиқи самараноки гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинар-омӯзиши 5 рӯза (аз 25 то 30 март) баргузор гардид. Ин омӯзишҳо таҳти унвони “Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим барои омӯзгорони фанҳои ҷомешиносӣ” баргузор гардида, барои тақвияти маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои таърих, ҳуқуқ, омодагии дифоъ, одоби оиладорӣ, тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ равона гардидаанд. Семинар аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, маводи конселярӣ ва дастури таълимиву методӣ барои он аз ҷониби, Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат I (БДТБ I), ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таъмин карда шуд.
БДТБ тренинги 5 рӯзаро барои омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ дар минтақаҳои кишвар баргузор кард.QESP held 5 day training for humanities teachers in the regions of Tajikistan.
Опубликовано Quality Education Support Program I Барномаи Дастгирии Тахсилоти Босифат I Среда, 1 апреля 2020 г.
Бояд зикр кард, ки дар марҳилаи якуми ин омӯзиш 14 тренерони сатҳи миллӣ ва дар марҳилаи дуюм 160 тренерони сатҳи минтақавӣ омода шуда буданд. Тренерони сатҳи минтақавӣ бошанд, дар марҳилаи сеюми омӯзиш ҳудуди беш аз 11 000 нафар омӯзгоронро дар сартосари кишвар ба омӯзиш фаро гирифтанд. Идомаи омӯзиш барои омӯзгорони боқимонда аз ин фанҳо дар охири соли хониш ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзҳои 26-27-уми феврали соли 2020 дар Китобхонаи миллӣ семинари дурӯза барои омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар мавзӯи «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим барои устодони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои равияи омӯзгорӣ» гузаронида шуд. Дар семинари мазкур 14-нафар омӯзгорони ботаҷриба аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Нахустсуханро муовини Вазири маориф ва илми кишвар Назирӣ Латофат оғоз намуда, аз ҳамкориҳои судманд ва мутақобилаи вазорат бо Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағузорӣ мешавад, изҳори каноатмандӣ кард Сергей Габришек-роҳбари ҳайати гурӯҳи лоиҳа (БДТБ-1) гуфт, ки чунин семинару трейнингҳо барои омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, манфиатовар буда, онҳоро барои боз ҳам бештар талош намудан дар амалигардонии таълими босифат омода месозад.
Дар рафти семинар мавзӯъҳое ба монанди муносибати босалоҳият дар таълим, пешравиҳо ва роҳҳои ба даст овардани онҳо, таълими босифат дар шароити Тоҷикистон, фарҳанги таҳияи барномасозӣ дар муасиссаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки дар натиҷаи омӯзиши мазкур фаъолияти ҳайати тренерони миллӣ барои омӯзиши устодони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои равияи омӯзгорӣ тибқи талаботҳои муносибати босалоҳият дар таълим ба роҳ монда мешавад.
Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” семинар-омӯзиш таҳти унвони “Машварат оид ба таҳияи стратегияи арзёбӣ” баргузор гардид. Семинари мазкур низ ба иҷрои яке аз ҳадафҳои Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1 равона гардида, дар доираи Қисмати 2-юми лоиҳа ҷиҳати амалисозии санади “Таҳия ва татбиқи стратегияи миллии арзёбии талабагон ва нақшаи амалҳо барои иҷрои он” ба роҳ монда шуд. Семинарро Сергей Габришек-роҳбари ҳайати гурӯҳи лоиҳа (БДТБ-1) ифтитоҳ намуда, коршиноси асосӣ оид ба арзёбии умумии таҳсилот Норман Емерсон ҷараёни гузарондан онро бар дӯш дошт.
Қайд гардид, ки санади мазкур як восита барои ҷалби ҷонибҳои асосии манфиатдор дар низоми маорифи Тоҷикистон оид ба таҳия ва татбиқи стратегияи миллии арзёбии хонандагон маҳсуб мешавад. Илова бар ин он ҳамчун асос барои лоиҳаи таҷдиди назар ва мувофиқашуда, ки бо мақсади дастгирии муҳокимаҳои оянда бо ВМИ ҶТ истифода мешавад, хизмат хоҳад кард. Дар ҳоле, ки БДТБ барои таҳияи стратегия масъул мебошад, барои ба даст овардани мувофиқаи умумӣ дар бораи принсипҳои асосии стратегияи оянда чун як модели муштараки кор бо шарикони калидӣ истифода хоҳад шуд. Он инчунин ҳамкорӣ байни фаъолиятҳои БДТБ ва дигар лоиҳаҳои марбут ба арзёбиро, ки аз ҷониби донорҳо маблағгузорӣ мешаванд, таъмин хоҳад кард.
Санади мазкур ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифро инъикос мекунад, ки навсозии мӯҳтавои таълим, беҳсозии дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, аз ҷумлаи онҳоянд. Дар ҷараёни семинар инчунин байни иштирокчиён машғулиятҳо гузаронда шуда, мубоҳисаҳои гурӯҳӣ сурат гирифт.
Рӯзҳои 4-5-уми феврали соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ дар доираи гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим бо муаллифони стандартҳои фаннӣ ва китобҳои дарсӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он 30 нафар омӯзгорону мутахассисони соҳаи маорифи кишвар ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинӣ Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм ва Сергей Габришек-роҳбари ҳайати гурӯҳи лоиҳа (БДТБ-1) суханронӣ намуда, оид ба мақсаду вазифаи семинари мазкур маълумоти муфассал доданд. Дар идомаи семинар мушовири байналмилалии бахши 4-уми лоиҳа-таҳия ва тартиби чорчӯбаи фарогири барномаи омӯзишӣ доктор Ричард Веббер, мушовирони маҳаллӣ Асрор Алиев ва Қутбиддин Мухторӣ, ки ба сифати мураббиёни асосии семинар маҳсуб меёфтанд, баромад намуданд.
Рӯзи 6-уми январи соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Барномаи таҳилоти босифат-1 омӯзиши панҷрӯза барои татбиқи таълими босалоҳият дар фанҳои ҷомеашиносӣ оғоз гардид. Дар он 140 нафар аз шумори омӯзгорони пешқадами минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат менамоянд. Ин гурӯҳи фаннии охирин аз фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, ки аз курсҳои такмили ихтисос оид ба татбиқи таълими босалоҳият мегузаранд. Солҳои қабл омӯзгорони фанҳои табиию риёзӣ, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ, технологияи информатсионӣ бо дастгирии техникии Барномаи таҳсилоти босифат марҳала ба марҳала аз курс гузаронида шуда буданд.
Дар муддати панҷ рӯз омӯзгорони аз тамоми минтақаҳои кишвар ҷалбгардида ба ҳайси тренерони минтақавӣ тайёр карда мешаванд. Дар назар аст, ки омӯзгорони мазкур дар ду марҳала дар минтақаҳо – ноҳияҳои худ омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносиро пурра аз курс хоҳанд гузаронид. Ба ин тариқ, то оғози соли таҳсили 2020-2021 татбиқи таълими босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёна аз ҳамаи фанҳо ба роҳ монда мешавад.
Омӯзиши “Татбиқи таълими босалоҳият дар фанҳои ҷомеашиносӣ”-ро муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, ҳамоҳангсози Барномаи таҳсилоти босифат -1 Сергий Габршек, коршиноси асосии Барномаи таҳсилоти босифат-1 оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон ва сиёсат дар соҳаи маориф Лигита Григуле ҳусни оғоз бахшиданд.
Аз ҷумла, Латофат Назирӣ иброз дошт, ки: “Аз ҳамкорӣ бо Барномаи таҳсилоти босифат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ менамояд, зеро, агарчи дар аввал дар доираи Барномаи таҳсилоти босифат ташкили курсҳои омӯзишӣ танҳо барои фанҳои табиию риёзӣ ба нақша гирифта шуда буд, аммо бо дархости Вазорати маориф ва илм Барномаи таҳсилоти босифат ташкили курсҳоро барои фанҳои забонӣ ва ҷомеашиносӣ низ ба уҳда гирифтанд. Ҳамчунин бо нақша дорем, ки дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон гардидани “20 соли омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ ва дақиқ” Барномаи таҳсилоти босифатро барои тавсеаи ду масъалаи дигар – арзёбӣ ва кори иттиҳодияҳои методӣ ба ҳамкорӣ даъват намоем”.
Сардори Барномаи таҳсилоти босифат – Сергий Габршек низ хангоми суханрониаш таъкид намуд, ки: “Мо дар доираи барномаи худ ба рушди салоҳиятҳои асосии хонандагон равона месозем, то онҳо тавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ дар муҳит ва фазои иҷтимоии гуногун барои фаъолият намудан қобил бошанд. Ҳамчунин ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии бевосита дар татбиқи Барнома изҳори сипос менамоем ва умедвор ҳастем. Ки ҳамкориҳои мо дар дориаи барномаи боз ҳам рушд мекунанд”.
Дар охир коршиноси асосии Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1 оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон ва сиёсат дар соҳаи маориф Лигита Григуле ба сухан баромада, ба иштирокчиёни омӯзиш гуфт: “Мо бовар дорем, ки шумо шахсиятҳои эҷодкор ҳастед ва дар рушди маорифи Тоҷикистон маҳз тавассути истифодаи қобилият ва маҳорати худ саҳм мегузоред. Барномае, ки мо ҳамроҳи мутахассисони байналмилалӣ ва миллӣ барои шумо пешниҳод менамоем, масъалаҳои рушди салоҳиятҳои асосии хонандагон, таҳияи стандарт ва барномаи таълим, доираи салоҳиятҳои омӯзгор, махсусияти супоришҳои таълимӣ дар муносибати босалоҳият, зарурати доштани саводи расонаӣ, ҳамчунин малакаҳои кор бо аудиторияи калонсолонро (ба хотири рушди малакаҳои тренерии шумо) дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, мо интизор ҳастем, ки тавассути пешниҳоду дархости худ оид ба такмили муҳтавои омӯзиш низ шумо саҳми худро мегузоред. Ба шумо дар ин омӯзиши панҷрӯза ва фаъолияти минбаъдаатон комёбӣ мехоҳам”.
Барномаи дастгирии таҳсилоти босифати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни кишвар доир ба муносибати босалоҳият ба таълим барои кормандони шуъбаҳои маориф ва коллеҷу донишгоҳҳои педагогӣ сменари омӯзиширо ба роҳ монд. Семинари мазкур, ки бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат марҳалаи 1, яъне дастгирии техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим, банақшагирӣ, таҳияи буҷет, куррикулум ва мониторингро дар бар гирифта буд, ба мутахассисон имкони дастрасӣ ба маълумот ва имкониятҳои навро фароҳам овард. Сухани ифтитоҳӣ аз тарафи намояндаи Вазорати маориф ва илм, роҳбари лоиҳа Сергий Габришек оғоз гардида, баъдан коршиносону мушовирон оид ба масъалаҳои марбута Ричард Веббер – доктор, коршинос оид ба таҳияи барномаи таълимӣ, Алиев Асрор – мушовири маҳаллӣ оид ба таҳияи барномаҳои таълим, Григуле Лигита – коршиноси асосии 2 оид ба такмили ихтисос ва сиёсати соҳаи маориф, Мухторӣ Қутбиддин – мушовири маҳаллӣ оид ба қисмати 1-и лоиҳа, Садурдинов Холис – мушовири маҳаллӣ оид ба қисмати 1-и лоиҳа ба иштирокчиён муаррифӣ гардиданд. Дар семинарҳо аз ҳар минтақа тақрибан аз 35 то 120 нафар ширкат варзида, онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 590 нафар намояндагон аз шуъбаҳои маориф (мудири кабинети методӣ), роҳбарони якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, намояндагон аз такмили ихтисос, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии омӯзгориро ташкил доданд.
Дар рафти чорабинӣ, ҳамзамон мавзуъҳои асосии семинар -Моҳият ва заминаҳои таҳияи барномаи таълим барои муассисаҳои таълимӣ, доираи салоҳиятҳои омӯзгор ва амсоли инҳо ба омӯзгорону мутахассисони соҳа ироа гардиданд. Семинар бо муҳокима, саволу ҷавобҳо ва тақсимоти мавод барои ҳар як иштирокчӣ дар ноҳияҳо ҷамъбаст гардид.
Бояд зикр кард, ки семинари мазкур тибқи фармоиш аз моҳи июл оғоз гардида, то нимаи моҳи август дар 7 минтақа, гузаронида шуд. Бо ин васила Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки огаҳмандии кормандони муассисаҳои зерсохтори худро доир ба масъалаи муҳими ислоҳоти ҷорӣ – гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим таъмин намояд, то низоми маориф тавонад эҳтиёҷоти омӯзгоронро дар самтҳои банақшагирӣ, идоракунӣ ва арзёбии раванди таълим қонеъ гардонад.
Рӯзҳои 17-18-уми декабри соли 2019 бо мақсади омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар мавзӯи “Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои ҷомеашиносӣ”, бахши 1-уми лоиҳаи БДТБ-1 омӯзиш гузаронда шуд, ки онро коршинсони маҳаллии Лоиҳаи таҳсилоти босифат Х. Садурдинов ва Қ. Мухторӣ таҳти роҳбарии коршиноси байналмилалӣ Лигита Григуле доир намуданд. Ҳадафи асоси он тайёр намудани 13 нафар тренероне буд, ки онҳо дар оғози моҳи январи соли 2020 дар навбати худ 150 нафар тренерони минтақавиро аз фанҳои ҷомеашиносӣ ба омӯзиш фаро хоҳанд гирифт. Мавзӯи асосии омӯзишҳои мазкур моҳият ва вазифаи муносибати босалоҳият ба таълим, усулҳои таълимие, ки ба ташаккули салоҳиятҳои асосӣ ва фанни хонандагон нигаронида шудаанд. Инчунин дар ин омӯзиш ба саводи расонаию иттилоотӣ, махсусияти омӯзиши калонсолон низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Дар доираи Лоиҳаи Дастгирии таҳсилоти босифат аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ абзорҳо барои худбаҳодиҳии омӯзгор бо мақсади рушди касбӣ таҳия карда шуда буданд. Коршиноси Лоиҳа Диана Иелея моҳи октябри соли ҷорӣ ин абзорҳоро, ки дар такя ба санади “Доираи салоҳиятҳои омӯзгор” таҳия шудаанд, дар шаш муассисаи таҳсилоти умумии кишвар озмуда буд. Дар натиҷаи гирифтани фикру мулоҳизаи иштирокчиён – омӯзгорон, роҳбарони иттиҳодияҳои методии фаннӣ абзорҳои мазкур бознигарӣ карда шуданд.
Семинар-машварат бо кормандони Маркази методии ҷумҳуриявӣ, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф доир ба тарзи татбиқи се маводи хеле муҳим, ки барои рушди касбии омӯзгорон муҳиманд, баррасӣ карда шуданд. Ин мавод “Методологияи арзёбии ниёзҳои омӯзгор барои рушди касбӣ”, “Варақаи худбаҳодиҳии омӯзгор” ва “Варақаи арзёбии омӯзгор аз ҷониби сардори иттиҳодияи методӣ” буда, ниёзҳои омӯзгорро барои рушди касбӣ муайян мекунанд.