БАРГУЗОРИИ БОЗ ДУ ЧОРАБИНИИ МУҲИМ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ БДТБ 1

Рӯзҳои 21-24-уми апрели соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду чорабинии омӯзишӣ – яке барои устодони коллеҷҳо ва донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ, дигаре барои мушовирони шӯъбаҳои маориф ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Омӯзишҳо бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва роҳбари лоиҳаи БДТБ 1 Евгени Иванов оғоз гардиданд.

Устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ бо барномаи “Татбиқи муносибати босалоҳият, роҳбаладӣ дар таҳсил ва таҷрибаи омӯзгорӣ” шинос гардиданд. Дар ин омӯзиш масъалаҳои ба роҳ мондани муносибати босалоҳият ба таълим барои омӯзгорони оянда баррасӣ карда шуд. Омӯзиш бо баҳсу муҳокимаҳои бардавоми иштирокчиён гузашт. Ҳамагон ташкили чунин омӯзишҳоро барои тамоми омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии равияи омӯзгорӣ хеле зарур ва саривақтӣ шумориданд.

Мушовирони шӯъбаҳои маориф ва роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ бо барномаи роҳбаладӣ дар муассисаи таълимӣ шинос гардиданд. Барои онҳо ин марҳалаи дуюми омӯзиш буд. Дар марҳалаи мазкур иштирокчиён бо маҷмӯи воситаҳои методӣ барои рушди мунтазами касбии омӯзгорон шинос шуданд.

Ҳар ду омӯзиш оғози омӯзишҳои силсилавӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар буда, онҳо дар вилояти Хатлон рӯзҳои 27-30-уми апрел, дар вилояти Суғд 4 -7-уми май ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 -26-уми май ба нақша гирифта шудаанд. Шумораи умумии иштирокчиёни омӯзишҳо дар якҷоягӣ беш аз 300 нафарро фаро хоҳад гирифт.

Отправить сообщение