ИДОМАИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи муносибати босалоҳият барои тренерони сатҳи минтақавӣ аз  фанҳои ҷомеашиносӣ доир гардида буд, ки сабаби номусоидии обу ҳаво дар омӯзиш омӯзгорони вилояти Суғд ширкат карда натавонистанд. Бо дарназардошти ин мушкилот  омӯзишҳо барои омодасозии тренерон дар маркази вилоят –  шаҳри Хуҷанд аз 27-ум то 31-уми январи  соли ҷорӣ ташкил карда шуд.

Дар омӯзиш асосан омӯзгорони фаъол ва ботаҷриба, кормандони марказҳои такмили ихтисос, мушовирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даъват карда шуданд. Чунон ки қаблан низ иттилоъ дода будем, тренерони сатҳи минтақавӣ дар ҳангоми таътили баҳорӣ ва тобистонии соли ҷорӣ  дар шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносиро аз омӯзиш мегузаронанд ва ин марҳалае ба шумор меравад, ки тамоми омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна аз курсҳои омӯзишӣ оид ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълимро бештар баррасӣ мекунанд.

Барои иштирокчиёни омӯзиш мавзӯъҳои таълими босалоҳият чист, доираи салоҳиятҳои омӯзгор, ташкили вазъиятҳои таълимии барои ташаккули салоҳиятҳои асосӣ ва фаннии хонандагон равонашуда, саводи расонаӣ, арзёбии ташаккулдиҳанда хеле муҳим буданд. Дар омӯзиш 37 нафар омӯзгорону мушовирони шуъба ва раёсатҳои маориф, кормандони марказҳои такмили ихтисос ширкат намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение