КОНФЕРЕНСИЯИ БАРРАСИИ СМРМ БАРОИ ТО СОЛИ 2030 БАРГУЗОР ШУД

Дар конференсияи мазкур Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, Осама Маккави-намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Алберто Бианколи-сардори бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Ангелих Махал-директори барномаҳои таълимии ЮСАИД дар Тоҷикистон, Муҳаммад Тариқ Хон-роҳбари кишварҳои шарикони глобалӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, Криста Пиккат-намояндаи ЮНЕСКО, Саодат Бозорова-мутахасиси калони барномаҳои таълимии Бонки умумиҷаҳонии рушд, Марико Кавабатта-намояндаи муваққатӣ-муовини директори минтақавии Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва дигар шарикони рушд ба таври ҳузуриву фосилавӣ ширкат варзиданд.

М. Имомзода дар суханронии ифтитоҳии худ иброз дошт, ки “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи мазкурро бо мақсади ба афзалиятҳои боҳам алоқамандии соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла дастрасии таҳсилот ва иштирок дар ҷараёни таҳсилот, самаранокии дохилии соҳаи маориф, сифат ва муҳиммияти соҳаи маориф, таъмини принсипҳои баробарӣ дар соҳаи маориф ва илм, идоракунӣ ва маблағгузории буҷетӣ соҳаи маориф таҳия намудааст”.

Ҳамзамон қайд гардид, ки мақсади ислоҳот ба вуҷуд овардани чунин низоми таҳсилоте мебошад, ки он барои ҳама дар тӯли тамоми ҳаёт сифатнок ва дастрас буда, бояд иқтисодиёти кишварро бо кормандони салоҳиятнок, инфрасохтори мувофиқ ва технологияи муосиру инноватсионӣ таъмин карда тавонад.

Дар раванди Конференсияи мазкур паҳлуҳои мухталифи Стратегия миллии рушди маориф барои то соли 2030 аз ҷониби иштирокчиён мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки дар заминаи амалигардонии талабот ва бандҳои Стратегияи мазкур соҳаи маориф ва илми кишвар дар давоми 10 соли оянда ба таври бесобиқа рушд хоҳад кард, аз ҷумла сатҳу сифати таҳсилоти дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба маротиб беҳтар хоҳад гашт. Ҳадафи куллии иҷроиши талаботи ин Стратегия мувофиқ ва баробар намудани соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи дунё унвон дода мешавад.

Суннатуллоҳи МИРЗО,

мутахассиси Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение