Машварат оид ба таҳияи стратегияи арзёбӣ гузаронида шуд

  Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”  семинар-омӯзиш таҳти унвони “Машварат оид ба таҳияи стратегияи арзёбӣ” баргузор гардид.     Семинари мазкур низ ба иҷрои яке аз ҳадафҳои  Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1 равона гардида, дар доираи Қисмати 2-юми лоиҳа ҷиҳати амалисозии санади “Таҳия ва татбиқи стратегияи миллии арзёбии талабагон ва нақшаи амалҳо барои иҷрои он” ба роҳ монда шуд. Семинарро Сергей Габришек-роҳбари ҳайати гурӯҳи лоиҳа (БДТБ-1) ифтитоҳ намуда, коршиноси асосӣ оид ба арзёбии умумии таҳсилот Норман Емерсон ҷараёни гузарондан онро бар дӯш дошт.

Қайд гардид, ки санади мазкур як восита барои ҷалби ҷонибҳои асосии манфиатдор дар низоми маорифи Тоҷикистон оид ба таҳия ва татбиқи стратегияи миллии арзёбии хонандагон маҳсуб мешавад. Илова бар ин он ҳамчун асос барои лоиҳаи таҷдиди назар ва мувофиқашуда, ки бо мақсади дастгирии муҳокимаҳои оянда бо ВМИ ҶТ  истифода мешавад, хизмат хоҳад кард.      Дар ҳоле, ки БДТБ барои таҳияи стратегия масъул мебошад, барои ба даст овардани мувофиқаи умумӣ дар бораи принсипҳои асосии стратегияи оянда чун як модели муштараки кор бо шарикони калидӣ истифода хоҳад шуд. Он инчунин ҳамкорӣ байни фаъолиятҳои БДТБ ва дигар лоиҳаҳои марбут ба арзёбиро, ки аз ҷониби донорҳо маблағгузорӣ мешаванд, таъмин хоҳад кард.

Санади мазкур ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифро инъикос мекунад, ки навсозии мӯҳтавои таълим, беҳсозии дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, аз ҷумлаи онҳоянд. Дар ҷараёни семинар инчунин байни иштирокчиён машғулиятҳо гузаронда шуда, мубоҳисаҳои гурӯҳӣ  сурат гирифт.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение