ОЗМОИШИ ДУ БАРНОМАИ МУҲИМ БАРОИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Рӯзҳои 8-10-уми апрели соли 2021 дар меҳмонхонаи «Хилтон», шаҳри  Душанбе омӯзиши серӯза барои сарварони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “Сарварӣ ва менеҷмент дар муассисаи таълимӣ” ва барои психологони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “Рушди касбии психологони муассисаҳои таълимӣ” доир гардид. Омӯзишҳо бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва роҳбари лоиҳаи БДТБ 1 Евгени Иванов оғоз гардиданд. 

Ҳадафи асосии ин омӯзишҳо аз озмоиши барномаҳо барои сарварон  ва психологони муассисаҳои таълимӣ ва расонидани ёрӣ дар омодасозии ин гурӯҳи мутахассисон иборат аст.

Чорабиниҳои мазкур ба таври баробар оғоз гардида, барои сарварони муассисаҳои таълимӣ 30 нафарро аз муассисаҳои таълимии минтақаҳои гуногуни  кишвар дар бар мегирифт. Барномаи “Сарварӣ ва менеҷмент дар муассисаи таълимӣ” аз 6 модул (қисмат) иборат буда, се даври омӯзишро дар бар хоҳад гирифт. Он аз ҷониби коршиноси байналмилалии лоиҳа Симон Ҷанашиа таҳия гардидааст. Тренерон ва иштирокчиёни омӯзиш дар рафти озмоиш онро омӯхта, такмил хоҳанд дод, ки дар натиҷа ҳамчун дастури роҳнамо ба муассисаҳои такмили ихтисос барои истифодаи минбаъда пешниҳод карда мешавад.

Барномаи омӯзиш барои психологони муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст. Ин барнома дар ҳамкории коршиносони байналмилалии лоиҳа Миша Абрамович ва Драгитса Павлович бо коршиносони миллӣ аз зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда буд. Барномаи мазкур барои сарварони муассисаи таълимӣ пешбинишуда аз силсилаи модулҳо ва озмоиши онҳо иборат аст. Дар ин омӯзиш 38 нафар психологон аз муассисаҳои таълимии кишвар ҷалб шудаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение