ОМӮЗИШ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ САТҲИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ

 Рӯзҳои 17-18-уми декабри соли 2019 бо мақсади омода намудани тренерони сатҳи миллӣ  дар мавзӯи “Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои ҷомеашиносӣ”, бахши 1-уми лоиҳаи БДТБ-1  омӯзиш гузаронда шуд, ки онро коршинсони маҳаллии Лоиҳаи таҳсилоти босифат Х. Садурдинов ва Қ. Мухторӣ таҳти роҳбарии коршиноси байналмилалӣ Лигита Григуле доир намуданд. Ҳадафи асоси он тайёр намудани 13 нафар тренероне буд, ки онҳо дар оғози моҳи январи соли 2020 дар навбати худ 150 нафар тренерони минтақавиро аз фанҳои ҷомеашиносӣ ба омӯзиш фаро хоҳанд гирифт. Мавзӯи асосии омӯзишҳои мазкур моҳият ва вазифаи муносибати босалоҳият ба таълим, усулҳои таълимие, ки ба ташаккули салоҳиятҳои асосӣ ва фанни хонандагон нигаронида шудаанд. Инчунин дар ин омӯзиш ба саводи расонаию иттилоотӣ, махсусияти омӯзиши калонсолон  низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение