РӮЗИ 12 МАРТИ СОЛИ 2021 ОМӮЗИШ ОИД БА ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ АРЗЁБИИ ТАЪЛИМ ТАВАССУТИ АРЗЁБИИ ТАШАККУЛДИҲАНДА БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ба омӯзиши мазкур омӯзгорони фанҳои забони тоҷикӣ (синфҳои 5 ва 11) ва математика (синфҳои 5 ва 11)–и муасиссаҳои таълимии шаҳри Душанбе даъват шуда буданд. Тавассути ҳамкорӣ дар фаъолиятҳои гурӯҳӣ, омӯзгорон намунаҳои корҳои хонандагони худро дар марази баҳсу муҳокима гузошта, бо истифода аз амалияи арзёбии ташаккулдиҳанда бо таваҷҷӯҳ ба робитаи мутақобила кори хонандагонро таҳлил ва муҳокима намуданд. Намунаҳо ба муаллимон имконият фароҳам оварданд, ки ҳамкорӣ намоянд ва таҷрибаи баҳодиҳии ташаккулдиҳандаро муҳокима кунанд ва оиди роҳҳои татбиқи он дар амалияи таълимии худ дар мактабҳо мулоҳизаронӣ намоянд. Чорабинӣ омӯзгоронро водор сохт, ки таҷрибаи баҳодиҳии худро тавассути таҳияи намунаҳои эзоҳшудаи кори хонандагон, ки дар семинарҳои оянда муҳокима карда мешаванд ва ҳамчун воситаи дастгирӣ барои аз нав дида баромадани системаи арзёбӣ истифода мешаванд, такмил диҳанд.

Бо дастгирӣ ва ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат I (БДТБ I), ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, семинари омӯзиширо ташкил намуда, дастури таълимиву методи ва маводи конселяриро барои омӯзгорон таъмин намуд.

Идомаи омӯзиш барои омӯзгорони дар ин омӯзиш шомил гардида ба нақша гирифта шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение