Семинари БДТБ оид ба барномаи таълимии

Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат дар ҳамкории зич бо Вазорати
маориф ва илм як семинари дурӯзаро барои 177 нафар кормандони
мақомоти давлатӣ, коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалии масоили
маориф, таҳқиқотчиён, сиёсатмадорон, инчунин омӯзгорони муассисаҳои
такмили ихтисос ва мактабҳо дар сатҳи минтақавӣ ва кишвар дар мавзуи
такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим, банақшагирӣ, буҷабандӣ ва
мониторинг доир намуд.
Ҳадафи ин семинар аз муаррифӣ намудани мақсади асосӣ ва натиҷаҳои
барнома, ки то охири соли 2020 бояд ба даст оварда шаванд, иборат буд.
Лозим ба ёдоварист, ки семинар ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар
бораи ҷузъҳои асосии барнома оид ба раванди ислоҳоти барномаҳои
таълимӣ мусоидат намуд. Таъкид гардид, ки Барнома барои тақвият
додани барномаи таълимӣ тавассути таҳкими иртибот ва ҳамоҳангӣ ва
дастгирии техникӣ дар фанҳои интихобшуда дар синфҳои таҳсилоти асосӣ
кумак мекунад.
Кори семинарӣ дар як қатор ҷаласаҳои пленарӣ ва муҳокимаҳои гуруҳӣ
барои муҳокима намудани бартариҳо ва камбудиҳои Таълими ба салоҳиятҳо
асосёфта, Чорчубаи салоҳиятҳои омӯзгорон, Салоҳияҳтҳои асосии
талабагон, Арзёбии таҳсили ба салоҳиятҳо асосёфта, Омузиши ба таҳқиқот
асосёфта барои дастгирии рушди салоҳиятҳои талабагон, Кафолати сифат
ва мониторинг дар таҳсили ба салоҳиятҳо асосёфта ва Идоракунии
ислоҳоти маҳаллии мактабҳо идома кард.
Кори семинари дурӯза натиҷаҳои мусбатро дар роҳи фарогирии ҳамаи
тарафҳои манфиатдор барои паҳн намудани паёми “Таълим ва омузиш
барои ҳаёт!” нишон дод.
Тренинги касбӣ барои тренерҳои пешбар дар мавзуи омузиши ба
салоҳиятҳои асосёфта 9 январи соли 2018 ба кори худ оғоз кард.
Рӯзи аввали тренинг барои тренерон 240 нафар тренеронро аз ҳама
муассисаҳо ва шуъбаҳои маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирди ҳам овард.
Мавзуи асосии тренинг ҷорӣ намудани равиши ба салоҳиятҳо асосёфта дар
илмҳои табиӣ ва фанҳои ТИ барои синфҳои таҳсилоти миёна, ҳамчун
қадами аввалини лоиҳа ба сифати кумаки техникӣ ба Вазорати маориф ва
илм буд.
Баргузории тренингҳои БДТБ I дар минтақаҳо
оид ба таҳсилоти ба салоҳиятҳо асосёфта
Як гуруҳи кории иборат аз мутахассисони ҳам БДТБ I ва ҳам
Маркази миллии тестӣ барои баргузор намудани семинар оид ба
таҳсилоти ба салоҳиятҳо асосёфта таъсис дода шуд. Барномаи
семинар рӯзи 13-уми апрел дар Рашт оғоз гардид ва 7-уми июн дар
Хоруғ ба анҷом расид. Дар семинар омӯзгорони мактабҳои олӣ,
коллеҷҳо, инчунин институтҳои такмили ихтисос, шуъбаҳои
маориф ва омузгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат
варзиданд. Барнома 7 минтақаро фаро гирифт: Рашт, Бохтар,
Кулоб, Хуҷанд, Панҷакент, Душанбе ва ВМКБ бо шумораи умумии
868 нафар ширкаткунанда. Барномаи минтақавии БДТБ I дар асл
аз ду чорабинии мувозӣ иборат буд ва чорабинии дуюм
муҳокимаҳои фокус-гуруҳӣ дар байни талабагони синфҳои миёна
ва омӯзгорони фанҳои химия, география, биология, технологияи
информатсионӣ ва физикаро дар ҳафт минтақаи кишвар дар бар
мегирифт. Бахши ниҳоии барномаи минтақавии БДТБ I ба мавзуи
баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба таҳсилоти ба салоҳиятҳо
асосёфта бахшида шуда буд, ки 1008 нафарро дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон фаро гирифт.

Барномаи минтақавии БДТБ I дар ҳамкории зич бо Вазорати
маориф ва илм таҳия ва тарҳрезӣ карда шуда буд. Барнома барои
такмили дониши касбӣ, салоҳиятнокӣ, малакаҳо ва самаранокии
таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равона шудааст.
Барои ширкаткунандагон дастурамалҳои муфассал оид ба
навиштани эссе, арзёбии ташаккулдиҳанда ва корҳои лоиҳавӣ
пешниҳод гардид ва маводҳои тақсимотӣ ба ҳамаи
ширкаткунандагон, ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам электронӣ, ба
сифати маводҳои боқимондаи аёнии БДТБ I супурда шуд.
Ба гуруҳи кории таъсисдодашуда инчунин супориш дода шуд, ки
дар синфхонаҳо дар ҳамаи 7 минтақа мушоҳидаҳоро ба роҳ монад.
Ҳисоботи омодашуда оид ба натиҷаи мушоҳидаҳо нишон дод, ки
омӯзгорон таҳсили ба салоҳиятҳо асосёфтаро ба хубӣ дарк
намудаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение