СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ БО ДИРЕКТОРОН ВА ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТ

Семинар аз тарафи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо Диана Димова ифтитоҳ  шуд. Мақсади ин семинар аз таҳлили барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, механизмҳои дарёфт ва ҷалби  кӯдакони боистеъдод ба мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои кӯдакони болаёқат, роҳҳои кор бо хонандагони боистеъдод дар низоми Мактаби байналмиллалии Президентӣ, таҳлили стратегияи нав барои кӯдакони болаёқат, таҳияи нақшаи оянда ва ғ. иборат буд. Дар ин семинар мушовирони байналмиллалӣ Сергей  Габршчек ва  Раиса Феналайен дар бораи низом барои кӯдакони  болаёқат  дар кишвари Словения ва Финландия баромад намуда, таҷрибаи кишварҳои зикришударо доир ба масъалаҳои марбута мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, дар бораи низоми амалкунанда дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон директорони мактаб ва дигар  шахсони маъсул баромад намуда, мушкилиҳо ва зарфиятҳои кор бо кӯдакони болаёқатро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар охири барнома Мамадова Тоҷинисо, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо фикру ақидаҳои иштирокчиёни семинарро ҷамъбаст намуда,  таъкид намуд, ки семинар қадами нахустин аст ва дар оянда мувофиқи нақша фаъолиятҳо ва ҳамкориҳо дар ҳамин самт бештар идома меёбанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение