Таълим ва омузиш барои ҳаёт

Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат (БДТБ) таҳти унвони “Таълим ва омузиш барои
ҳаёт” дар моҳи октябр ҳангоме оғоз гардид, ки лоиҳа кумаки техникии худро оид ба
таълим ва таҳияи барномаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон шуруъ намуд. Профессорон
Тинде Серович ва Фредрих Бухбергер коршиносони маҳаллиро бо роҳи таъсиси гуруҳҳои
корӣ барои рушди салоҳиятҳои омӯзгорон роҳбарӣ мекарданд, дар ҳоле ки доктор
Сергий Габришек ва доктор Ричард Вэббер ҷузъҳои иловагии лоиҳаро оид ба арзёбӣ ва
нақшаи таълим роҳнамоӣ менамуданд.
БДТБ як ташаббус барои дастгирии техникӣ мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо
сармоягузорӣ мешавад ва дар ҳамкории зич бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар моҳи ноябри роҳбари гуруҳи БДТБ доктор Майкл
Лайтфут ва дигар аъзои гуруҳ аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ВМКБ барои ба роҳ
мондани муносибатҳои ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф ва институтҳои такмили ихтисоси
омӯзгорон боздид анҷом доданд. Гуруҳи кормандони БДТБ имкониятҳо ва монеаҳо дар
роҳи татбиқи барномаҳои нави таълимӣ дар мактабҳоро, ки зарурати омузиш тавассути
амал ва татбиқи донишҳо дар ҳолатҳои воқеии ҳаётро таъкид мекунанд, муҳокима
намуд.
Азбаски лоиҳа ҳоло дар марҳалаи таҳиясозӣ қарор дорад, афзалияти фаврӣ ба анҷом
додани арзёбиҳои ибтидоӣ барои баҳодиҳии муносибатҳо ба омузиш ва фаҳмиши
таҳсили ба салоҳиятҳо асосёфта дар байни ҷонибҳои манфиатдори гуногун, аз ҷумла
талабагон ва омӯзгорон, равона карда шуд. Таҳқиқоти ибтидоӣ аз тарафҳои
манфиатдор пур кардани саволномаҳо барои худбаҳодиҳӣ дар робита ба салоҳиятҳои
омузишӣ, инчунин иштирок намудан дар муҳокимаҳои фокус-гуруҳиро талаб мекард

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение