Оғози фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи бозомӯзӣ

Рӯзҳои 4-5-уми июли соли 2019 гурӯҳи корӣ, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи барномаи бозомӯзии омӯзгорон таъсис дода шуда буд, кори худро бо семинар-машварати дурӯза оғоз намуд.

Семинар аз ҷониби мушовири байналмилалии Лоиҳаи БДТБ (Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат) Раиса Веняляйнен гузаронида шуд. Ҳадафи асосии он семинар-машварат оид ба фаъолияти гурӯҳи кории мазкур дар таҳияи стратегия ва барномаи бозомӯзии омӯзгорон буд.
Дар рафти семинар масъалаҳои блоки фанҳои дар курсҳои бозомӯзӣ омӯхташаванда, миқдори умумии соатҳо ва таносуби тақсимоти онҳо дар дохили курс муҳокима карда шуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published.

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

Отправить сообщение