Семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот барои шахсони масъули сарраёсати таҳсилот, шӯъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва НТМ

Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм семинари омӯзиширо барои шахсони масъули сарраёсати таҳсилот, шӯъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва НТМ гузарониданд. Дар ин омӯзиш иштирокчиён оид ба истифодаи методҳои муассир ба идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, Консепсияи арзёбӣ, Арзёбии миллӣ дар Тоҷикистон ва истифодаи усулҳои арзёбии ташаккулдиҳанда дар муассисаҳои таълимӣ маълумот гирифта, баҳсу мунозираҳо доштанд.

Тавассути ҳамкорӣ дар фаъолиятҳои гурӯҳӣ, иштирокчиён доир ба таҷрибаҳои фаъолияти худ дар самтҳои гуногун муҳокима намуданд. Ин равандҳо имконият фароҳам оварданд, ки ишитрокчиён оид ба роҳҳои самараноки татбиқи идораи сифати таълим ва арзёбии самарабахш дар амалияи таълимии худ дар мактабҳо мулоҳизаронӣ намоянд.

Отправить сообщение