Семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот барои шахсони масъули сарраёсати таҳсилот, шӯъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва НТМ
Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм семинари омӯзиширо барои шахсони масъули сарраёсати таҳсилот, шӯъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва НТМ гузарониданд. Дар ин омӯзиш иштирокчиён оид ба истифодаи методҳои муассир ба идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, Консепсияи арзёбӣ, Арзёбии миллӣ дар Тоҷикистон ва истифодаи усулҳои арзёбии ташаккулдиҳанда дар муассисаҳои таълимӣ маълумот гирифта, баҳсу мунозираҳо доштанд.
Чорабинии ҷамъбастии барномаи БДТБ – марҳилаи I, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад – санаи 26 ноябри соли 2021, соати 14:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, Ball Room, 26/1, хиёбони Исмоили Сомонӣ, ш. Душанбе баргузор мегардад
Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат (БДТБ – I) барои ҳалли афзалиятҳои интихобшудаи миллӣ аз Стратегияи миллии рушди маорифи (СМРМ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаҳои миёнамӯҳлат оид ба татбиқи он то соли 2020 таҳия шудааст. Ин марҳилаи аввали дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба маблағи 15 миллион евро ба бахши маориф дар Тоҷикистон буд, ки як платформаи шарикӣ, муколама ва ҳусни тафоҳумро дар ин бахш ҷиҳати омодагӣ ба густариши татбиқи сиёсии ислоҳот, ки тавассути марҳилаҳои минбаъда дастгирӣ карда мешавад, фароҳам овард. Дар сатњи сиёсї, татбиќи БДТБ – I дар соњаи маорифи Тољикистон ба рушди низоми муосири маориф мусоидат намуд, ки имконияти омода намудани шањрвандони донишманд, соњибихтисос ва омодаи кор дар «љањони мењнат»-ро пайдо намуд. Аз ҷумла, чорабиниҳои мушаххаси барнома бо мақсади баланд бардоштани натиљаи таълим дар системаи тањсилоти миёна ва ибтидоии касбї ба роњ мондани хизматрасонии самаранок ва муассири таълим сањми худро гузоштааст.
ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ЮНИСЕФ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ТАҲИЯИ БАРНОМАИ КИШВАРИИ ЮНИСЕФ БАРОИ СОЛҲОИ 2023–2026 ДОИР ГАРДИД.
Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар ҳоли таҳияи Барномаи нави кишварӣ оид ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2026 ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар амалисозии ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон дар Тоҷикистон ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор қарор дорад.
БАРГУЗОРИИ БОЗ ДУ ЧОРАБИНИИ МУҲИМ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ БДТБ 1
Рӯзҳои 21-24-уми апрели соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду чорабинии омӯзишӣ – яке барои устодони коллеҷҳо ва донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ, дигаре барои мушовирони шӯъбаҳои маориф ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Омӯзишҳо бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва роҳбари лоиҳаи БДТБ 1 Евгени Иванов оғоз гардиданд.
ОЗМОИШИ ДУ БАРНОМАИ МУҲИМ БАРОИ РУШДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
Рӯзҳои 8-10-уми апрели соли 2021 дар меҳмонхонаи «Хилтон», шаҳри Душанбе омӯзиши серӯза барои сарварони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “Сарварӣ ва менеҷмент дар муассисаи таълимӣ” ва барои психологони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “Рушди касбии психологони муассисаҳои таълимӣ” доир гардид. Омӯзишҳо бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва роҳбари лоиҳаи БДТБ 1 Евгени Иванов оғоз гардиданд.
ДАР АНДЕШАИ РУШДИ МУНТАЗАМИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, марҳилаи 1 дар доираи қисмати 1, омӯзиши тренеронро барои озмоиши силсилаи барномаҳо барои рушди мунтазами касбии омӯзгорон рӯзҳои 30-31 марти соли 2021 дар меҳмонхонаи “Хилтон” доир намуд.
СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ БО ДИРЕКТОРОН ВА ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТ
Тибқи нақшаи Барномаи Дастгирии Таҳсилоти Босифат 1 ва дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 14-ум ва 15-уми марти соли ҷорӣ семинари машваратӣ бо директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони болаёқат дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе баргузор гардид.
РӮЗИ 12 МАРТИ СОЛИ 2021 ОМӮЗИШ ОИД БА ДАСТГИРИИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ АРЗЁБИИ ТАЪЛИМ ТАВАССУТИ АРЗЁБИИ ТАШАККУЛДИҲАНДА БАРГУЗОР ГАРДИД.
Ба омӯзиши мазкур омӯзгорони фанҳои забони тоҷикӣ (синфҳои 5 ва 11) ва математика (синфҳои 5 ва 11)–и муасиссаҳои таълимии шаҳри Душанбе даъват шуда буданд.
КОНФЕРЕНСИЯИ БАРРАСИИ СМРМ БАРОИ ТО СОЛИ 2030 БАРГУЗОР ШУД
3-юми феврали соли 2021 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия оид ба баррасии Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои то соли 2030 баргузор гардид.