Семинари омӯзишӣ

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юм то 24-уми январи соли 2019 дар Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1» ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо семинари омӯзишӣ дар асоси модули омӯзишии байнифаннӣ барои кормандони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони “Муносибати босалоҳият дар амалияи таълим: роҳҳои рушди салоҳиятҳои асосӣ ва байнифаннӣ” гузаронида шуд. Мақсад аз семинар омода намудани ҳайати кормандони хадамоти методӣ ҷиҳати татбиқи муносибатҳои босалоҳият дар таълим буда, 154 нафар намояндагони хадамоти методӣ аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.
Маросими ҷамъбастии он 24-уми январи соли ҷорӣ бо иштироки Латофат Назирӣ–муовини вазири маориф ва илм, Сергей Габришек – сардори лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1», роҳбарону намояндагони кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ташкилкунандагон семинар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм зикр кард, ки масъули кабинети методӣ ё мушовирони фаннӣ бояд масъулият ҳис намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани низоми нави таълим дар соҳаи маорифи кишвар саҳм гузоранд. Маҳз бо кушишу талоши онҳо ин низом метавонад бо муваффақият ҷорӣ гардида, дар баланд гардидани сатҳу сифати таҳсил ва дониши хонандагону донишомӯзон мусоидат намояд.
Инчунин, Сергей Габришек–сардори лоиҳаи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат-1» қайд кард, ки иштироккунандагони семинари мазкур дар баробари тренерон дар рафти семинар хеле фаъол буданд ва мо умед дорем, ки донишу таҷрибае, ки аз инҷо ба худ гирифтанд, дар раванди таълиму тадрис истифода менамоянд.
Дар фарҷом ба иштироккунандагон сертификат тақдим карда шуд.

Отправить сообщение