Чорабинии ҷамъбастии барномаи БДТБ – марҳилаи I, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад – санаи 26 ноябри соли 2021, соати 14:00 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, Ball Room, 26/1, хиёбони Исмоили Сомонӣ, ш. Душанбе баргузор мегардад

Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат (БДТБ – I) барои ҳалли афзалиятҳои интихобшудаи миллӣ аз Стратегияи миллии рушди маорифи (СМРМ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаҳои миёнамӯҳлат оид ба татбиқи он то соли 2020 таҳия шудааст. Ин марҳилаи аввали дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба маблағи 15 миллион евро ба бахши маориф дар Тоҷикистон буд, ки як платформаи шарикӣ, муколама ва ҳусни тафоҳумро дар ин бахш ҷиҳати омодагӣ ба густариши татбиқи сиёсии ислоҳот, ки тавассути марҳилаҳои минбаъда дастгирӣ карда мешавад, фароҳам овард. Дар сатњи сиёсї, татбиќи БДТБ – I дар соњаи маорифи Тољикистон ба рушди низоми муосири маориф мусоидат намуд, ки имконияти омода намудани шањрвандони донишманд, соњибихтисос ва омодаи кор дар «љањони мењнат»-ро пайдо намуд. Аз ҷумла, чорабиниҳои мушаххаси барнома бо мақсади баланд бардоштани натиљаи таълим дар системаи тањсилоти миёна ва ибтидоии касбї ба роњ мондани хизматрасонии самаранок ва муассири таълим сањми худро гузоштааст.

Татбиқи БДТБ – I тавассути татбиқи ду лоиҳа амалӣ карда шуд:

Лот 1 – «Кӯмаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илм дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон; арзёбии омӯзиш; банақшагирӣ, банақшагирии молиявӣ ва мониторинг ва таҳияи барномаи таълимӣ” аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии DAI Human Dynamics амалӣ карда мешавад ва

Лот 2 – «Кӯмаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон барои системаи ибтидоии касбӣ» аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии GOPA Worldwide Consultants амалӣ карда мешавад.

Ин ду лоиҳа дар давраи солҳои 2017-2021 амалӣ шуда, ба пешрафти ислоҳоти сиёсӣ дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ, ҳамчунин ба таҳкими робита бо бозори меҳнат, ки боиси бештар самаранок гузаштани хатмкунандагон аз мактаб ба кор мусоидат мекунанд.

Отправить сообщение